Ба гузориши “Ховар”, Салоҳиддин Киром, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар таърихи 12 сентябр бо раҳбарону коршиносони ширкатҳои саноатӣ ва навоварии кишвари муқим дидору гуфтугӯ кард.
Бино бар эъломи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ, дар ин дидор намояндагони ширкати саноатии Донгном Ltd . , GB Innovation Co . Ltd . , ThreeS Co . Ltd ва Jugnsu Industry иштирок карданд.
Дар ин дидор мавзӯоти эҷоди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи тавсеаи маодину фароварии маводи маъданӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
342/