Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, артиши режими сохтагии Исроил дар ҳоле шаҳри Дайрулбалаҳ, дар маркази борикаи Ғаззаро дар муҳосираи комил ва қатъи об дароварда, ки пештар, ин ноҳияро ба унвони минтақаи амн ва башардӯстона эълом карда ва аз ҳама шаҳрвандони фаластинӣ хоста буд то роҳии ин минтақаи ғайрҷангӣ ва ғайринизомӣ шаванд.
Бо ин ҳол иқдомоти нави низомиёни Исроил боиси нигаронии мардуми сокин дар ин шаҳр нисбат ба паёмадҳои амалиёти густурдаи низомии режими саҳюнистӣ дар он ҷо шудааст; минтақае, ки дар ҳақиқат охирин паноҳгоҳи фаластиниён дар борикаи Ғазза маҳсуб мешавад.
Амалиёти тахлияи иҷбории саҳюнистҳо, ки дар бархе аз манотиқ ва маҳаллоти маскунии шаҳри Дайрулбалаҳ оғоз шуда, бар тавони хидматрсонии кумитаҳои имдодрасон барои таъмини оби манотиқе, ки оворагон дар он искон ёфтаанд, таъсири манфӣ гузоштааст. Аҳамияти ин буҳрон замоне ошкор мешавад, ки дониста шавад бештари чоҳҳои оби зерзаминӣ дар манотиқи амалиёти низомии артиши Исроил воқеъ шудаанд.
Ҷинояти кӯчи иҷборӣ ё ба иборати дигар иҷбори сокинон ба муҳоҷират аз манотиқи таҳти сукунати худ дар чорчуби талоши ишғолгарони саҳюнист барои таҳмили воқеияти душвори зиндагӣ бар фаластиниҳо ва хафа кардани онҳо дар минтақаи бисёр борике аст, ки масоҳати он аз даҳяки масоҳати навори Ғазза фаротар намеравад.
342/