Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизонаш субҳи чаҳоршанбе (31 июл) бар асари ҳамла ба манзили онҳо дар Теҳрон ба шаҳодат расиданд.
Алии Боқирӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири умури хориҷии Қатар, дар бораи иқдоми ҷинояткоронаи режими ишғолгари Қудс дар террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт: Режими саҳюнистӣ бо шаҳодати эшон, ошкоро зидди миллати исломӣ, кишварҳои минтақа, миллати Фаластин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, иқдоме ҷинояткорона муртакиб шуд.
342/