Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони зимни маҳкӯмияти террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Пайванди ду миллати сарбаланди Эрону Фаластин мустаҳкамтар аз қабл хоҳад шуд ва масири муқовимату дифо аз мазлӯм пурқудраттар аз ҳамеша дунбол мешавад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамомияти арзӣ ва иззату ҳайсияту ифтихору шарафи худ дифо ва ишғолгарони террористро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард.
342/