Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Абдулмалик Бадруддин Ҳуси, дабири кулли Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман имрӯз – якшанбе, зимни суханронӣ дар бораи таҳаввулоти марбут ба таҷовузи режими саҳюнистӣ гуфт: Душмани Исроил ба анборҳои ширкати нафт ва таъсисоти ниругоҳи барқ дар Ҳудайла ҳамлаи мустақим кард. Амрико ҷанги иқтисодӣ ва низомӣ алайҳи Яман ба роҳ андохтааст.
Абдулмалик Бадруддин афзуд, ҳамлаи душмани саҳюнистӣ ба анборҳои сӯхт, ки туҷҷори яманӣ барои фурӯш ба шаҳрвандон меоваранд, ҳадафи намоишӣ барои нишон додани шӯълаҳои оташ аст.
342/