Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим
و الحمد للّه ربّ العالمین و الصّلاة و السّلام علی خیر البریّة سیّدنا محمّدٍ المصطفی و آله الطّیّبین و صحبه المنتجبین و من تبعهم باحسان الی یوم الدّین..
Оҳанги дилнавози иброҳимӣ ки ба фармони Худо , ҳамаӣ инсонҳоро дар ҳамаӣ давронҳо , дар мавсими ҳаҷ ба каъба фаро мехонад , имсол низ дилҳои ҷамъӣ аз мусулмононро аз саросари ҷаҳон , маҷзӯби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат карда , ва ин анбӯҳи пуршукӯҳу мутанаввиъи мардумиро падид оварда , ва густараи инсонӣ ва қувати омили маънавии исломро ба рухи хеш ва бегона кашидааст .
Иҷтимои азиму маносики печидаӣ ҳаҷ , ҳар гоҳ бо чашми тадаббур дида шавад , барои мусулмон , қувати қалбу сарчашмаӣ итминонаст , ва барои душману бадхоҳ , ҳаросангезу пурҳайбат .
Ҷой таъаҷҷуб нест агар душманону бадхоҳони уммати исломӣ , ин ҳар ду ҷониби фаризаӣ ҳаҷро омоҷи тахрибу тардиди созанд ; чӣ бо барҷастасозии муғоиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ , ва чаҳ бо фурукостан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ .
Қуръон , ҳаҷро мазҳари убудияту зикру хушуъ , мазҳари каромати яксонит инсонҳо , мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар , мазҳари баракату ҳидоят , мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалии миёни бародарон , ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад.
Тадаббур дар оёти марбӯт ба ҳаҷ ва таъаммул дар аъмолу маносики ин фаризаӣ бемисол , инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаӣ ҳаҷ ба мо нишон медиҳад .
Шумо бародару хоҳари ҳаҷгузор , акнӯн дар арсаӣ тамрини ин ҳақоиқу маорифи пурфурӯғ қарор доред . Андеша ва амали худро ба он наздику наздиктар кунед , ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаъолиро ба хона баргардонед .
Ин ҳамон савғотии арзишманду ҳақиқии сафари ҳаҷ шумоаст .
Имсола масаълаӣ бароъат барҷастатар аз гузашта аст . Фаҷоиъи Ғазза ки дар таърихи муосири мо беназир аст , ва густохии режими бераҳму мазҳари қасовату шақоват ва албата рӯ ба заволи саҳюнист , ҷои ҳеҷ гӯна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фарду ҳизбу давлату фирқаӣ мусулмон боқӣ нагузошта аст . Бароъати имсол бояд фаротар аз мавсиму миқоти ҳаҷ , дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин дар ҳамаи ҷои ҷаҳон идома ёбад , ва фаротар аз ҳаҷгузорон , ба оҳоди мардум тасарри ёбад .
Ин бароъат аз режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ба хусӯс давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар қавлу амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳаду арсаро бар ҷаллодон танг кунад .
Муқовимати пӯлодини Фаластин , ва мардуми сабуру мазлӯми Ғазза ки шикваи сабру муқовиматашон , ҷаҳонро ба таҳсин ва такрим водошта аст , бояд аз ҳамаи ҷиҳат пуштибонӣ шаванд .
Аз Худованд барои онон пирӯзии комилу сариъи хосторам , ва барои шумо ҳуҷҷоҷи муҳтарам , ҳаҷи мақбул масъалат мекунам . Дуои мустаҷоби ҳазрати Бақиятуллоҳ ( рӯҳи фидоа ) пуштибони шумо бод .
Вассалому алайкум вараҳматуллоҳ
Сайидалии Хоманаӣ
4 зилҳаҷҷаи1445