12 Июн 2024 - 16:03
Қарор гирифтани режими саҳюнистӣ дар феҳристи сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдакон аз сӯи СММ

Созмони Милали Муттаҳид режими саҳюнистиро ба феҳристи сиёҳи нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона қарор дод.

Ба гузориши Ирна, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал дар гузорише, ки қарор аст фардо - панҷшанбе ба таври расмӣ мунташир шавад, навишт: Дар соли 2023 хушунат алайҳи кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона ба шиддат густариш ёфт ва ба таври такондиҳандае ба 21 дарсад афзоиш ёфтааст.

342/