Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷунбиши Ҳамос дар баёнияи худ афзуд, ин ҷунбиш ба суханронии дирӯзи (ҷумъа) Ҷо Байден -раисҷумҳури Амрико дар бораи даъват ба оташбаси доимӣ, хурӯҷи неруҳои ишғолгар аз борикаи Ғазза, бозсозии ин борика ва мубодилаи асирон нигоҳи мусбат дорад, башарти инки режими саҳюнистӣ ба он пойбанд бошад.
Дар баёнияи Ҳамос омадааст, ин ҷунбиш мӯътақид аст , ки ин мавзеъи Амрико ва бовари эҷодшуда дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар хусуси зарурати таваққуфи ҷанги режими саҳюнистӣ зидди борикаи Ғазза натиҷаи пойдории устураии миллати муҷоҳиди Фаластин ва муқовимати қаҳрамононаи он аст.
Дар ҳамин ҳол Антонио Гутерриш-дабири кулли СММ бомдоди шанбе аз тарҳи ҷадид ва нақшаи роҳ барои барқарории оташбас ва озодии асирон дар Ғазза, ки тавассути раисҷумҳури Амрико эълом шуд, истиқбол кард.
Раисҷумҳури Амрико дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х ҷузъиёти тарҳи 3 марҳилаии режими саҳюнистӣ барои оташбас, ки иддао мекунад ба Ҳамос супурда шудаастро мунташир кард.
Марҳилаи аввали ин тарҳ шомили оташбаси комил, хурӯҷи низомиёни режими саҳюнистӣ аз навоҳии пурҷамъият дар Ғазза, озодии бархе аз асирон ва супурдани ҷасадҳои бархе аз асирон, бозгашти ғайринизомиёни фаластинӣ ба манзилҳои худ дар Ғазза ва афзоиши кумакҳои инсонӣ мешавад.
Ҳамчунин марҳилаи дувуми ин тарҳ низ шомили поёни доимии хусуматҳо, таомул барои озодии асирони боқимонда ва хурӯҷи низомиёни режими саҳюнистӣ аз Ғазза аст.
Ин тарҳ дар марҳилаи севум низ шомили тарҳи умда барои бозсозии Ғазза ва супурдани ҷасадҳои асирон ба хонаводаҳояшон аст.
342/