Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғоз ба кори шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бо ишора ба тадбири ҳушмандонаи маърифати қуръонӣ ва исломӣ дар ҳамҷиҳат сохтани "шариъат ва ақлоният" ва "ғайб ва шуҳуд", аз виҷдонҳои бедори саросари ҷаҳон даъват карданд зимни таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои талхи низомоти динситез ё дингурез, дар тарҳи ҷомеъ ва устувор ва гиреҳгушо ва ҳамчунин ҷаззоб ва шигифтовари ҳукмронии исломӣ тааммул кунанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо гиромидошти ёди Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси ҷумҳури фақид ва Муҳаммад Алӣ оли Ҳошим-имом-ҷумъаи Табриз, ки асри якшанбе (19 май) дар сониҳаи ҳавоӣ ба шаҳодат расиданд, афзуданд: Маҷлиси хубрагони раҳбари аз пояҳои аслии низоми исломии мардумсолор аст, ки дар фосилаҳои замонии муайян ба дасти тавонои миллат истеҳком меёбад ва саломат ва истимрори низомро тазмин мекунад.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: Аъзои мӯҳтарам ва мунтахаби Маҷлиси хубрагон бо машияти илоҳӣ ва бо ҳиммати мардум ин фурсатро ёфтаанд, ки яке аз бартарин нақшҳоро дар истеҳкоми занҷираи пӯлодини раҳбарии низом бар ӯҳда бигиранд, ва сазовор аст ба хотири ин неъмат сипосгузори Худованд ва қадрдони мардум бошанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Гузиниши раҳбар бар тибқи меъёрҳои исломӣ бар ӯҳдаи Маҷлиси хубрагон буда, ки худ мунтахаб ва баргузидаи мардум аст ва ин равшантарин нишона ва муаррифи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин гуфтанд: Имрӯз фоҷеаи Ғазза ва наслкушии бераҳмонаи режими ғосиби саҳюнист ва куштори ҳазорон кӯдак ва зан ва марди бедифоъ ва ғайрмусаллаҳ ва онгоҳ пуштибонӣ ва ҳимояти ҳукуматҳои ба истилоҳ либерали ғарбӣ аз ин гурги хунхор, маънии озодӣ ва ҳуқуқи башар ғарбиро барои виҷдонҳои бедор ошкор месозад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Имрӯз фурсати тозае аст, ки коргузорони низоми Ҷумҳурии исломӣ ва ҳамаи дилбастагони он ҳақиқати ин падидаи бузургро дар гуфтор ва амал ба муштоқони ҳақиқат дар саросари ҷаҳон нишон диҳанд.
Маросими ифтитоҳияи шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ имрӯз (сешанбе) оғоз шуд.
Давраи намояндагии аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ 8 сол ва теъдоди намояндагони ин маҷлис 88 нафар аст.
Интихоботи шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ рӯзи ҷумъа (1 март 2024) ҳамзамон бо интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ дар саросари Эрон баргузор шуд.