12 Май 2024 - 20:11
Пас аз Фаронса навбати Амрико шуд; уфули султаи бозигарони мухарриб дар Африқо

Вазорати дифои Амрико "Пентагон" маҷбур ба пазириши хуруҷи неруҳои размии ин кишвар аз Нигерия шуд.

Политико ба нақл аз як мақоми амрикоӣ ки нахост номаш фош шавад эълом кард, ҳафтаи гузашта бо аз байн рафтан умедҳо барои мондани бахше аз неруҳои амрикоӣ дар Нигерия, Пентагон дастури хуруҷи ҳамаи ҳазор неруи размии ин кишвар аз Нигерияро содир кард.

Амрико дар моҳи апрел эълом карда буд барномарези барои хуруҷи муназзам ва масъӯлона аз Нигерияро оғоз мекунад аммо мақомҳои амрикоӣ ҳамчунон ба музокира бо ҳокимони низомии Нигерия барои мондани бархе аз неруҳо дар ин кишвари африқоӣ идома медиҳанд.

Пас аз вуқуъи таҳаввулоти сиёсӣ дар Нигерия, ҳокимони ҷадиди ин кишвар ба суръати гомҳои барои қатъи равобити низомӣ бо кишварҳои истиъморгари ғарбӣ ба вижаи Фаронса ва Амрико бардоштанд иқдомӣ ки бо ҳимояти мардуми Нигерияи ру ба ру шуда аст .

Ахирани Чад ҳам ба ҷамъи кишварҳои африқоӣ пайваст ки хоҳони хуруҷи низомиён амрикоӣ аст. Ҳамакнун ҳудуди 100 низомии амрикоӣ дар Чад мустақар ҳастанд.

Пеш аз ин неруҳои фаронсавӣ, маҷбур ба тарки Нигерия, Молӣ ва Буркинафасу шуда буданд.

Дархостҳо барои хуруҷи неруҳои истиъморгари ғарбӣ аз кишварҳои монанди Чад ва Нигерия ва пеш аз он молӣ ва Буркинафасо натанҳо ба маънои коҳиши нуфузи Амрико ва муттаҳидонаш дар Африқо, балки нишонаи як тағйири қобили тавваҷуҳ дар муносиботи геополетики аст; дар воқеъи уфули ҳузури низомии Амрико ва муттаҳидонаш дар Африқо ва минтақа соҳил метавонад чолишҳои мутаъаддидиро мутаваҷҷеҳи сиёсати хориҷии давлатҳои ғарбӣ кунад ки натоиҷи он як шикасти геополетики барои Вашингтон ва шариконаш хоҳад буд.

342/