Гузориши хабаргузории Эронпресс, Заҳрои Иршодӣ, сафиру муовини намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дирӯз сешанбе дар нишасти Шӯрои амният дар бораи ҳамлаи Исроил ба бахши консулии Эрон дар Созмони милал гуфт, режими Исроил муртакиби нақзи ошкори Маншури милали муттаҳид, қавонини байналмилалӣ ва ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Сурия шудааст.
Иршодӣ афзуд, ин ҷинояту ҳамлаи террористӣ баёнгари тавҳини ошкор ба асли пазируфта шудаи ҷомеъаи байналмилалӣ, яъне масунияти намояндагону амокини дипломатӣ ва консулӣ аст.
Қасо Ал Заҳок, сафири Сурия дар Созмони милал низ бо маҳкӯм кардани таҷовузоти режими Исроил дар минтақа эълом кард, ки таҷовузи ваҳшиёнаи ин режим ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ бо ҳимояти кури Амрико анҷом шуд.
Ҳамчунин вазоратонаҳои умури хориҷаи Туркия, Қазоқистон ва Арманистон дар баёнияҳои ҷудогонае зимни ибрози нигаронӣ ва маҳкумияти иқдоми ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ, ин иқдомро таҷовузкорона ва ноқизи усӯли дипломатӣ донистанд.
342/