3 Апрел 2024 - 21:07
Вокунишҳо ба стандарти дугонаи давлати Англия дар қиболи Фаластин

Бо ин ки аз шаш моҳи пеш то кунун режими саҳюнистӣ беш аз сад ҳазор фаластиниро кушта ё маҷрӯҳу маълул ва беш аз ду миллион нафарро дар Ғаззаву Каронаи бохтарӣ овора кардааст, ҳимояти давлати Англия аз режими ишғолгари Қудс идома дорад.

Ин ҳафта ҳудуди 60 созмони хайрия ва муассисаи ҳуқуқи башарӣ дар Англия аз давлати ин кишвар хостанд, дар амал ба иддаоҳои ҳуқуқи башарии худ, бо фаластиниён ҳамчун украиниҳо рафтор кунад ва ба эъмоли сиёсати дугонаи Англия дар бораи ин ду қавм поён диҳад, аммо давлат мухолифат кардааст.

342/