Ба гузоришаши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исмоили Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос аз раҳбарон ва уламои уммати исломи хост барои таваққуфи таҷовуз ба Ғазза иқдомоти муассири анҷом дода ва кишварҳои ҳомии режими ишғолгарро таҳти фишори қарор диҳанд.
Ҳания дар паёми ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон афзуд миллати Фаластин дар ҳоли ба истиқболи ин моҳ пурбаракат меравад, ки дар маърази фаҷеътарин ҷиноятҳо ва ҷанги наслкуши қарор гирифта аст.
Вай ҳамчунин бар зарурати кумаки воқеи ба миллати Фаластин дар бахшҳои ғизоӣ, доруӣ ва искон таъкид кард.
Ҳания дар бахши даигари аз паёми худ талошҳои бештарро барои муҳокимаи режими ишғолгар расво кардани ҷиноятҳояш ва инзивои сиёсӣ ва диплумотики онро хостор шуд.
342/