29 Январ 2024 - 19:09
Канъонӣ: Гуруҳҳои муқовимат дар минтақа дар тасмимот ва иқдомоти худ аз Эрон дастур намегиранд

Сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Гуруҳҳои муқовимати минтақа дар тасмимот ва иқдомоти худ аз Эрон дастур намегиранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидои буҳрони ҷории Ғазза мукараран нисбат ба хатари густариши доманаи даргирии дар минтақа ба далели идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин ва низ пуштибонии ҳамаҷонибаи Амрико аз наслкушии фаластиниён дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии ҳушдор дод нақзи пойдор ва мукаррари ҳокимияти миллии Ироқу Сурия тавассути неруҳои амрикоӣ бомбаборонҳо ва анҷоми ҳамалоти зидди гуруҳҳоу мардуми Ироқ, Сурия ва Яманро ташдидкунандаи ин чархаи бесуботӣ медонад.

Канъонӣ афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкиди муҷаддад бар аҳамияти ҳифзи сулҳу субот ва амният дар минтақа муътақид аст ҷанг дар Ғазза роҳи ҳали набуда ва поён додан ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва оташбаси фаврӣ метавонад заминасози бозгашти оромиш ба минтақа гардад .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома таъкид кард такрори иттиҳоми беасос ба Ҷумҳурии Исломии Эрон фарофиканӣ ва низ тавтеаи касони аст ки манофеи худро дар кашидан муҷаддади пои Амрико ба маъракаи нав дар минтақа ва таҳрики он дар густариш ва ташдиди буҳрон мебинанд то аз ин тариқ мушкилоти худро пушиш диҳанд.

Канъонӣ дар поён мутазаккир шуд ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо омодагӣ ва ҳушёри таҳаввулот дар минтақаро зери назар дорад ва масъулияти авоқиби иттиҳомоти таҳрикомез зидди Эрон бар омилони тарҳи чунин иддаоҳои беасос аст.

342/