Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Амирабдуллоҳиён ва Абдуллоҳ Буҳабиб-вазири хориҷаи Лубнон дар ин дидор дар бораи равобити дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ машварат карданд.
Вазири хориҷаи Эрон асри душанбе ҳамчунин бо Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия дидор ва дар бораи масоил минтақаӣ, байналмиллалӣ ва дуҷониба гуфтугӯ кард.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар севумин дидори худ бо Гер Педерсон-фиристодаи вежаи дабири кулли Созмони Миллал дар умури Сурия мулоқот ва дар бораи таҳаввулоти минтақаи ғарби Осиё гуфтугӯ кард.
Ҳусайни Амирабдулллоҳиён-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз зӯҳри душанбе дар садри ҳайати баландпоя вориди Нию-Йорк шуд ,ки ин севумин сафари вазири хориҷаи Эрон дар сол ҷории шамсӣ ба Нию-Йорк аст.
Нишаст Шӯрои Амнияти Созмони Миллал барои баррасии охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷанги Исроил алайҳи Фаластин қарор аст, имрӯз баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ дар сатҳи вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин Шӯро ва низ кишварҳои муассир дар минтақа баргузор шавад.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар ширкат дар ин нишаст барои нахустин бор, қарор аст бо ҳамтоёни худ ва мақомоти Созмони Миллал низ дидорҳои дуҷонибае дошта бошад.
342/