Солеҳ Аларури, ноибраиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин, Саир Фенди ва Аззам Алақраа, аз фармондеҳони Иззуддини Қассом ва Маҳмуд Заки Шоҳин, Муҳаммад Алрис, Муҳаммад Башшоша ва Аҳмад Ҳамуд аз аъзои Ҳамос дар ҳамлаи террористии сешанбешаби режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи ҷанубӣ дар Бейрут, пойтахти Лубнон ба шаҳодат расиданд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе бо маҳкумияти шадиди иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи паҳподӣ ба ҷануби Бейрут, террору ҷиноятро нусхаи нокоми режими ҷаълӣ барои ҷуброни шикасти ғайриқобили тармими “Тӯфони Алақсо” ва фирор аз ботлоқи Ғазза донист. Ин баёния дар поён бо маҳкумияти шадиди ҷинояти террористии саҳюнистҳо дар пойтахти Лубнон, талоқии шаҳодати фармондеҳони сарафрози Ҳамос бо чаҳорумин солгарди шаҳодати шаҳиди Қудс сипаҳбуди шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймониро маънодор тавсиф ва таъкид кардааст: Мошини ҷангии ба гил нишастаи режими мутаҷовизи саҳюнистӣ дар Ғазза ҷуз таслим баробари иродаи размандагони Фаластин ва муҷоҳидони Ҳамос роҳи наҷоти дигаре надораду пирӯзи майдони набард бетардид муқовимату истодагии шукӯҳманду муқтадиронаи мардуми мазлум ва муқтадири Ғазза аст ва Ҳамос қаҳрамон аст.
342/