23 Октябр 2023 - 16:16
Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар куштори шаҳрвандони фаластинӣ

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар тамосҳои телефонии ҷудогона бо раҳбарони муқовимати Фаластин бар таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар куштори шаҳрвандони фаластинӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар тамосҳои телефонӣ бо Исмоил Ҳания ва Зиёд Нахола, раҳбарони муқовимати Фаластин, ононро дар ҷараёни охирин иқдомоту таҳаррукоти дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи байналмилал дар ҳимоят аз мардуми Фаластину маҳкӯмияти ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ ва лузӯми таваққуфи куштори ғайринизомиён дар Борикаи Ғазза қарор дод.

Амирабдуллоҳиён бо эъломи ҳимояти муҷаддади Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми мазлӯми Фаластин, бори дигар бар таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар куштори шаҳрвандону занону кӯдакони фаластинӣ, гушоиши гузаргоҳи Рафаҳ ва ирсоли мустамари кумакҳои башардӯстона ба мардуми Фаластин дар Борикаи Ғазза ва муқобила бо кӯчи иҷбории сокинони ин минтақа таъкид кард.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳам бо қадрдонӣ аз мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин, ки онро дипломасии пӯёии исломӣ бо ҳадафи табйини ҳақоиқ хонд, охирин вазъияти Ғазза дар сояи истимрори ҷиноёту куштори ғайринизомиён тавассути режими саҳюнистиро ташреҳ кард.

342/