Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар ифтитоҳияи ин нишаст бо ишора ба таҳаввулоти Фаластини ишғолӣ ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза гуфт: Мо аз дастёбӣ ба як роҳи ҳалли доимӣ барои масъалаи Фаластин ҳимоят мекунем. Бин Салмон афзуд: Баҳои ташдиди хушунат дар Ғазза тавассути ғайринизомиён пардохт мешавад. Мо аз хушунате, ки дар Ғазза шоҳиди он будем, нороҳат ҳастем ва бар зарурати таваққуфи хушунат ва ҳимоят аз ғайринизомиён таъкид мекунем. Валиаҳди Арабистон афзуд, амалиёти низомӣ дар Ғазза, ки бар зиндагии ғайринизомиёну зерсохтҳо таъсир мегузорад, бояд мутаваққиф шавад. Мо хостори роҳи ҳалле одилона барои эҷоди як кишвари мустақили фаластинӣ ҳастем, ба гунае, ки амнияту рифоҳ барои ҳама ҳосил шавад.
342/