26 Сентябр 2023 - 19:16
Ҳушдори созмони беҳдошти ҷаҳони дар бораи Афғонистон

Созмони беҳдошти ҷаҳони дар бораи камбуди будҷа барои Афғонистон ва мутаъоқибан ихтилол дар хадамотрасони дар бахши беҳдошту дармони ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон созмони беҳдошти ҷаҳони дируз якшанбе дар паёми дар шабакаи иҷтимоъи хостори афзоиши сармоягузори барои ироаи хадамоти беҳдошти дар Афғонистон ба вижа дар манотиқи маҳрум, ки ба далели буҳрони инсонии ҷорӣ ба шиддат камбуди манобеъ ва осебпазир ҳастанд шуд.

Дар ин паём омада аст пас аз даҳҳои бесуботи, хушксоли ва дигар балоҳои табиъӣ Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо як буҳрони тулонимуддати инсонӣ ру ба ру аст ва миллионҳо нафар бо фақр ё адами дастраси ба беҳдошт ва дармон ва ғизо зиндагӣ мекунанд ва дар маърази хатари шадиди суитағзия ва густариши бемори қарор доранд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид кард барои идомаи кумакҳои беҳдошти ва дармони ба Афғонистон то поёни соли ҷорӣ ба 125 миллион доллар будҷа ниёз дорад.

342/