23 Сентябр 2023 - 18:43
Раисӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии RT Русия : Бознигарӣ дар сохтори Созмони Миллал зарурӣ аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бознигарӣ дар сохтори Созмони Миллали Муттаҳидро зарурӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии RT Русия тасреҳ кард, бознигарӣ дар сохтори Созмони Миллал ба шакли, ки битавонад нақши худро дар мавриди густариши амнияту адолат ва амният ифо кунад, як зарурат аст, чаро ки агар ин иттифоқ науфтад, бо тавваҷуҳ ба падид омадани қудратҳои навзуҳӯр дар ҷаҳон аз миёни кишварҳои дар ҳоли тавсеа нақши Созмони Миллал рӯз ба рӯз коҳиш ёфта ва ҷойгоҳи он рӯ ба уфул хоҳад рафт.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба таърихи куҳан, суннати зебо ва бисёр қадимӣ ва ҷомеъаи пӯёи Эрон дар бораи ояндаи кишвар гуфт: Эрон дорои як собиқа ва тамаддуни куҳан аст ва ин тамаддун бо доштаҳои мардумонаш аз боварҳову эътиқодоти динии қавии онҳо омехташуда ва аз тарафи дигари имонӣ, ки ин мардум ба арзишҳои илоҳӣ доранд, умеде дар онҳо эҷод карда, ки ояндаро бисёр дурахшон мекунад.
Раисӣ афзуд намудҳову нишонаҳои ояндаи дурахшон аз ҷумлаи дастёбӣ ба пешрафтҳои чашмгир ба рағми таҳдидҳо ва таҳримҳо комилан машҳӯдаст ; ба иборати миллати Эрон тавонистааст бо имону умеди худ душманонро ночор ва водор ба ақабнишинӣ кунад.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи узвияти Эрон дар БРИКС низ гуфт: Эрон кишваре бо зарфиятҳои бисёр болост ва аз мувқеъияти геополитикии мумтозе дар иртибот бо кишварҳои халиҷи Форс ва баҳри Уммон ва аз сӯи дигар Осиёи Марказӣ бархӯрдор аст ва ғайр аз он зарфиятҳои бисёре аз ҷумла марказияти энержӣ низ дар даруни Эрон вуҷуд дорад.

342/