Ба
гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ
раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи душанбе дар дидори хонуми Улуё Рвомбо
вазири хориҷаи Буркина Фасо дар Теҳрон бо ишора ба равобити хуби Эрон
пас аз пирузии инқилоби исломӣ бо умуми кишварҳои африқоӣ омодагии
Ҷумҳурии Исломии Эронро барои интиқоли таҷрубиёт ва дастовардҳои хуб ба
кишварҳои дуст ба хусус дар Африқо эълом кард.
Улуё Рвомбо низ бо баёни ин ки кишварҳои африқоӣ ва аз ҷумла Буркина Фасо аз истодагӣ ва муқовимати инқилоби исломӣ муқобили истекбор ва низоми султа илҳом гирифтанд гуфт: Муҳимтарин дастури кори давлати Буркина Фасо фаъол кардани меҳварҳои ҳамкори бо Эрон аст.
Вазири хориҷаи Буркина Фасо таъкид кар: Кишвараш алоқаманд ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобил бо кишвари дуст, Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
342/