Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори фармондеҳони нерӯи дарёии артиш ва неруҳои новгурӯҳи 86 ва хонаводаҳояшон афзуданд: Ин ҳаракати бузург бори дигар нишон дод муваффақиятҳо, пешрафтҳо ва умедҳои бароварда шуда, аз дили ҳаракату талош ва сахтӣ ба вуҷӯд меояд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ташаккури самимона аз "маҷмӯаи фармондеҳон ва неруҳои новгурӯҳи 86 (муташаккил аз новшикани Дено ва новбандари пуштибонии размии Макрон), фармондеҳи неруии дарёӣ ва ҳамаи касоне, ки дар тарроҳии пуштибонӣ ва иҷроӣ" ин амалиёти бузург нақш доштаанд, гуфтанд: Ҳаракати имрӯзи шумо самараи ширини иқдомоту муҷоҳидоти даҳаҳои ахири артишу сипоҳ дар дарё ва ба хусӯс исору фидокории шаҳидони сарафрози неруи дарёӣ ва хонаводаҳои муаззази онҳост, ки бояд қадрдони ҳамаи онҳо буд.
Эшон 65 ҳазор километр дарёнавардӣ дар ҳудӯди 8 моҳро ифтихоре бесобиқа дар таърихи дарёнавардии Эрон донистанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки дарёнавардии ифтихоромези новгурӯҳи 86 нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ваҷҳаи байналмилалии кишварро ҳам иртиқо бахшид, ба бархе монеатарошии амрикоиҳо дар ҳамлу нақлҳои дарёӣ, ишора карданд ва гуфтанд: Инки мегӯянд, иҷоза намедиҳанд фалон киштӣ аз фалон ҷоҳо убӯр кунад, ғалати зиёде аст, чаро ки обҳои озод мутааллиқ ба ҳамааст ва дарё ва ҳаво бояд барои ҳамаи миллатҳо озод ва амнияти киштиронӣ ва ҳамлу нақли дарёӣ бояд барои ҳама таъмин бошад. Раҳбари муаззами инқилоб тасреҳ карданд: Имрӯз амрикоиҳо ба нафткашҳо таарруз ва ба бондҳои қочоқи дарёӣ дар минтақаи мо ва манотиқи дигар кумак мекунанд, ки ин корҳо тахаллуфи бузург ва нақзи қавонини байналмилалӣ ва башарист.
342/