2 Август 2023 - 12:15
Таъкиди шайхи Алазҳар бар ваҳдати мусулмонон дар посух ба номаи мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон

Шайхи Алазҳар Миср дар посух ба номаи мудири ҳавзаҳои илмияи Ҷумҳурии исломии Эрони ибрози умедворӣ кард, ки мавзеи воҳиди мусалмонон дар қиболи иҳонат ба Қуръони карим ангезае барои рафъи ихтилофот ва ваҳдати калимаи мусулмонон шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмад Тайиб- шайхи Алазҳари Миср дар баёнияе эълом кард ки бо камоли хурсандӣ ва истиқбол  номаи оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ-мудири ҳавзаҳои илмияи Ҷумҳурии исломии Эронро дарёфт кардааст.

Оятуллоҳ Аърофӣ дар паи иҳонат ба Қуръони карим бо ирсоли номае ба шайхи Алазҳар зимни ташаккур аз мавзеи вай хостори иқдоми ҷиддии кишварҳои исломӣ алайҳи Шветсия ва Дания шуда буд.
Ба навиштаи рӯзномаи мисрии « Алаҳром », шайхи Алазҳар ибрози умедворӣ кард, ки ин ҳодисаи ғайриинсонӣ ва ғайримуттамаддинона ангезае барои рафъи ихтилофоту ваҳдати калимаи мусулмонон дар шарқу ғарб ҷиҳати истодагӣ дар баробари чолишҳое бошад, ки амнияту муқаддасоти онҳоро таҳдид мекунад .
Шайхи Алазҳар ҳамчунин бар азму иродаи худ барои баргузории гуфтугуҳои исломӣ байни уламои дини Ислом дар саросари ҷаҳон сарфи назар аз ихтилофи мазҳабу фирқаи онҳо бо ҳадафи эҷоди ваҳдату ошноӣ ва дурӣ аз авомили фитнаву ихтилофот таъкид кард.
Алазҳар афзуд, ки ҳамчунон ба рисолати худ барои ҳимоят аз дини Ислом ва муқобила бо ҳар гуна иҳонат ба он амал мекунад ва дар камини касоне аст, ки қасди иҳонат ба мусулмонону муқаддасоти онҳоро дорад .
Шайхи Алазҳар ҳамчунин ҳамаи миллатҳои арабӣ ва исломиро ба тадовуми таҳрими колоҳои шветсиявӣ ва даниявӣ бо ҳадафи ҳимоят аз Қуръони карим фаро хонд.
Ахиран як шаҳрванди шветсиявӣ ба номи Силвон Момико як нусха аз Қуръони каримро дар Стокголм, пойтахти ин кишвар ба оташ кашид; иқдоми ҳаттокона, ки вокуниши кишварҳои мусулмонро ба ҳамроҳ дошт .

342/