22 Июл 2023 - 16:00
Алоқамандии Тоҷикистон ба густариши равобити тиҷорӣ бо Эрон

Сарпарасти созмони тавсеаи тиҷорат бо ишора ба алоқамандии Тоҷикистон бо густариши равобит бо Эрон гуфт: Барномаҳои аслии ин созмон дар ҷиҳати афзоиши мубодилоти тиҷорӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Маҳдии Зиғами дар дидор бо Низомиддин Зоҳиди сафири Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо ишора ба коҳиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар аз баррасии илал ва талош барои рафъи мавонеъ дар ҷиҳати рушди тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон хабар доду гуфт: Бар асоси барномарезиҳо муқарар шуда аст то поёни сол ройзании бозаргонии мо дар Тоҷикистон мусатақар шавад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон низ бо ишора ба ҳаҷми мубодилоти тиҷори дар панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Ин мубодилот нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 9 дарсади дошта аст ки бо тававҷҷуҳ ба зарфиятҳои Эрон ва алоқамандии мо ба истифода аз тамоми ин зарфиятҳо бояд афзоиш пайдо кунад.

Низомиддини Зоҳиди бо ишора ба барномарзеии суратгирифта ҷиҳати сафари оятуллоҳ Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон тайи моҳҳои оянда изҳор дошт: Лозим аст ҳамзамон бо ин сафар ҳамоиши тиҷорӣ бо ҳузури тоҷирон ва бозаргонон ва ҳамчунин масъулини тиҷории ду кишвар баргузор шавад то пайванди миёни тоҷирон шакл гирад.

342/