Ба гузориши Ассошиатед Пресс, як арзёбии иттилоотии анҷомшуда аз сӯии Иёлоти Муттаҳида мушаххас кард, ки Эрон ба дунболи таслеҳоти ҳастаӣ нест .
Ин эътироф аз сӯи дафтари мудири иттилооти миллии Амрико дар ҳоле эълом шудааст, ки мақомоти ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ ҳамчунон дар талош ҳастанд ба масири пружаи шикастхурдаи эронҳаросии худ идома диҳанд .
Аз ин рӯ Эрон ҳамвора эълом кардааст ба дунболи бомбаи ҳастаӣ нест ва дар эътиқоди исломии Эрон бомбаи атомӣ ҷое надорад.
Дар тозатарин иттиҳомот алайҳи Эрон Бинямин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе 18 июн муҷаддадан Эронро ба талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам кард .
Дар ҳоле ин ниҳоди иттилоотии Амрико изъон кардааст, ки Эрон ба дунболи таслеҳоти ҳастаӣ нест, ки пештар Ҷоиш Кроникал-раиси пешини созмони ҷосӯсии СРУ низ ба ин мавзӯъ эътироф карда буд .Ҳамчунин ҷомеъаи иттилоотии Амрико низ 8 марти гузашта дар гузориши солонаи худ изъон кард Теҳрон дар ҳоли ҳозир фаъолияте барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ анҷом намедиҳад .