Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дарёдор(адмирал) Алиризо Тангсирӣ- фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорон гуфт: Эрон дар замони тоғӯт иҷозаи контроли тангаи Ҳурмузро надошт, аммо акнун шиноварҳои убурӣ аз ин танга аз ҷумла киштӣ, нов ва ҳар қойиқ бояд бо забони форсӣ, миллият, навъи маҳмӯла ва мақсади худро ба Эрон эълом кунад .
Дарёдор Тангсирӣ таъкид кард:Ин иқтидори контроли тангаи Ҳурмуз ва иқтидори Эрони исломӣ самараи хуни шуҳадо аст .
Фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорон ба диловармардии дарёдилони ин неру дар ҷараёни боздошти малавонони амрикоӣ дар халиҷи Форс ишора кард ва афзуд:Ин малавонон пас аз боздошт дар ҷазираи Форсӣ нигаҳдорӣ мешуданд ва як ҳавопаймо аз нови амрикоии мустақар дар минтақа барои озодии онҳо ба парвоз даромад, вале бо ҳушдори диловармардони неруи дарёии сипоҳ мабнӣ бар инки агар ин ҳавопаймо дар ҷазираи Форсӣ ба замин биншинад, онро ҳадаф қарор медиҳем, ба ночор ақибнишинӣ кард ва маҷбур ба бозгашт шуд.
342/