Ба гузориши хабарии Абно бо истинод ба хабарии Шаҳоб, Ҳозем Қосим, сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, аз хомӯшии муассисаҳо ва шахсиятҳои динӣ дар ҷаҳони ислом дар баробари шадидшавии ҷиноятҳои режими сионистӣ, бахусус дар Навори Ғазза, изҳори тааҷҷуб кард.
Ҳозем Қосим гуфт: ҷанги наслкушӣ ва гуруснагӣ алайҳи мардуми Ғазза ҳамчунон идома дорад ва донишомӯзон дар кӯчаҳо ва занон дар хаймаҳояшон ҳадаф қарор гирифта, кушта мешаванд.
Ӯ аз ҳамаи уламо ва муассисаҳои динӣ дар Фаластин ва саросари ҷаҳони ислом хост, ки нақши воқеӣ ва масъулияти худро дар ҳимоят аз мардуми Ғазза дар баробари наслкушӣ ва гуруснагӣ иҷро кунанд.
Сухангӯи Ҳамос таъкид кард: нақши уламо бояд бар асоси таълимоти дини ислом нақши пешрав, майдонӣ ва таъсиргузор дар ҳимоят ва ёрии мардуми Ғазза бошад.
Your Comment