27 Май 2023 - 07:07
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Новгуруҳи 86 Нерӯи дарёии артиш Эронро дар баробари нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дод

Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт, маъмурияти новгурӯҳи 86 и- Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон донишу зарфияти истисноии кишварро дар баробари нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дод.

Ҳуҷҷатулислом Сайидмуҳаммадҳасани Абутуробифард, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба бозгашти новгурӯҳи 86 –и Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба ватан гуфт: Дар ин ҳаракати иқтидорофарин новгурӯҳи Дено намоди донишу тахассусу фанноварии донишмандону фарҳехтагони эронӣ бо паймоиши 65 ҳазор километр ва 4 бор убур аз хати устуво, донишу тахассусу шуҷоату зарфияти истисноии Нерӯи дарёии Ҷумҳурии исломии Эронро дар баробари нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дод.

Ҳуҷҷатулислом Абӯтуробифард бо баёни ин ки ҳадаф сиёдати дарёӣ будаву имрӯз Нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломӣ дар ин ҷойгоҳ қарор гирифтааст, таъкид кард: Қудрати дарёӣ маҷмӯае аз қобилиятҳои вобаста ба дарёст, ки битавонад контроли обҳову манобеи ҳаётӣ дар дарёро дар ихтиёр дошта бошад ва аз дастрасии душманон ба онҳо ҷилавгирӣ кунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард, ҳузури боиқтидор дар уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлас ва низ убур аз тангаи муҳими Магеллана воқеан беназир ва истисноӣ аст.

 

342/