Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз идоари кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Иломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибон, пойбанди ҳайати ҳокимаи Афғонистон бар ҳаққобаи Эронро мусбат арзёбӣ карда ва дар ин ҳол тасреҳ кард: Тарафи афғонистонӣ иттиҳоми лозимро дар раҳосозӣ ва расондани об ба Систону Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон, дошта бошад зеро ин муҳим дар муносиботи фи мобайн таъсир дорад. Раиси Дастгоҳи дипломосии Эрон бо ишора ба мушкилоти фаровоне, ки таъмин нашудани ҳаққобаи Эрон ва хушксолии ношӣ аз он бар мардуми Систону Балучистон таҳмил кардааст, ба талоши душманон барои тахриби муносиботи Эрон ва Афғонистон ишора кард ва афзӯд: Танишҳои марзӣ омили манфи дар равобитии Теҳрон-Кобул буда ва мсаъулияти ҳукумати Толибони Афғонистон бар такрор нашудани ин танишҳо аст. Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон низ бо ишора ба мушкилоти ин кишвар аз ҷумла хушксолӣ ва масоъили фаннӣ, бори дигар бар ҳаққобаи Эрон мутобиқи муъоҳидаи Ҳирманд таъкид ва бар талоши тарфи афғонистонӣ барои рафъи мушкилоти об ва низ мавзӯъоти марзӣ тасреҳ кард.
18 Май 2023 - 09:42
News ID: 1366760
Вазири умури ихориҷаи Эрон гуфт: Раҳосозии оби Ҳирманд аз сӯйи Афғонистон ва таъмини ҳаққобаи Эрон ба сурати амалӣ, мутолибаи ҷиддии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аст.