17 Май 2023 - 15:46
Мудири табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон: Арзаи  300 унвон китоб тавассути ҳайати тоҷикӣ дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон

Мудири табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ҳайати тоҷикӣ 300 унвон китобро дар канори осори наққошӣ ва саноати дастиро дар намоишгоҳи китоб арза карданд.

Раҳмоналӣ Мирализода, гуфт, ҳайати тоҷикӣ 300 унвон китоб бо мавзуоти адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва Доират-ул маорифро дар канори осори наққошӣва саноати дастиро дар намоишгоҳи китоб арза мекунад.

Ӯ гуфт, Фирдавсӣ дар Тоҷикистон аз мақоми болое бархӯрдор аст дар Тоҷикистон касеро пайдо намекунед, ки порае аз ашъори Шоҳномаро барои шумо нахонад.

Вай, Фирдавсиро ҳакиме бузургвори хонду афзуд, забони Шоҳнома бо забони тоҷикӣ наздикӣ дорад. Мардум дар ин кишвар бархе истилоҳоти Шоҳномаро дар муколимоти рӯзона истифода мекунанд, ки ин амр нишондиҳандаи покизагӣ ва хулӯси забони тоҷикӣ аст, чаро ки калимоти арабӣ вориди забони форсӣ шуда ва дигар он покизагии гузаштаро надорад. Ҳеҷ гоҳ дар миёни мардуми Тоҷикистон эҳсос намешавад, ки Фирдавсӣ аҳли Эрон ва хориҷӣ аст.

Мирализода бо таъкид бар инки Эрону Тоҷикистон дорои фарҳангу забони муштарак ҳастанд гуфт, фарҳанг навъе аз дипломасӣ аст. Бо ин нигоҳ метавон гуфт, забон зермаҷмӯъаи фарҳанг аст ва беҳтарин равиш барои гирдиҳам овардани мардумони ҳамзабон аст. Намоишгоҳи ҳозир фазои мусоид барои тақвияти робитаҳо ва баҳраварӣ аз осори якдигарро фароҳам кардааст.

Вай гуфт, мо ҳар сола дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ширкат мекунем ва бо риволи намоишгоҳи китоб ошно ҳастем. Ноширони тоҷик ҳам аз зарфияти ин рӯйдод баҳравар мешаванд, аммо имсол бо даъвати расмии оқои Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири муҳтарами вазорати фарҳангу иршоди исломӣ ба унвони меҳмони вижа ширкат кардем, ки аз ин роҳ миннатдории худро иброз мекунем. Ин фазо бистаре барои рушд кардани робитаҳои адабӣ миёни ноширон ва адибон аст.

342/