15 Май 2023 - 08:32
Шиллики 1469 ракет ва мӯшаки муқовимат ба сӯи ишғолгарон тайи 5 рӯз

Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, муқовимати Фаластин дар посух ба таҷовузи 5 рӯзаи ахир ба Навори Ғазза, ҳазору 469 ракету мӯшак ба сӯи арозии ишғолӣ шиллик кардааст.

Артиши режими саҳюнистӣ бомдоди сешанбе (9 май) амалиёти низомии ҷадиде бо номи (сипар ва пайкон)-ро алайҳи Навори Ғазза оғоз кард, ки дар ин ҳамалот 35 фаластинӣ ба шаҳодати расида ва дастикам 150 нафар захмӣ шуданд.

Дар дуюмин рӯзи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза (чаҳоршанбе), утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин низ амалиёти «интиқоми озодагон»-ро оғоз кард ва беш аз ҳазор мӯшаку ракет ба сарзаминҳои ишғолӣ шиллик кард.

Манобеи хабарӣ шанбешаб (13 май) аз оғози иҷрои тавофуқи оташбас дар соати 22 ба вақти маҳаллӣ байни неруҳои муқовимати Фаластину режими саҳюнистӣ бо миёнҷигарии Миср хабар доданд.

Ба гузориши вебгоҳи Араб 48 , артиши режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе эълом кард, аз ин мизон ракету мӯшаки шилликӣ, ҳазору 139 фарванд аз девори марзӣ убӯр карда ва сомонаи Гунбади оҳанин танҳо 439 ракети шилликии сомонаи «Фалохан Довӯд» ду мӯшаки шилликиро раҳгирӣ кард.

Режими саҳюнистӣ эълом кард, ҳамалоти ракетӣ ва мушакии муқовимат тайи ҷанги панҷрӯзаи ахир мӯҷиби кушта шудани ду саҳюнист ва захмӣ шудани 75 нафар шуд.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин иддао кард, ки дар ҷараёни ин ҷанг , 422 ҳадаф ва мақари муқовимат, аз ҷумла саккӯҳои партоби ракету мӯшак ва марокизи тавлиди аслиҳаро дар Навори Ғазза ҳадаф қарор дода ва муваффақ ба террори шаш фармондеҳи Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ шудааст.

342/