Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ рузи сешанбе дар ин дидор бо гиромидошти ёди устод шаҳид Мутаҳҳари ба унвони намунаи як муъаллими ҳақиқи ва комил ва тавсия ба муъаллимон барои баҳрагири аз осори ишон ба иттифоқи назари бисёри аз соҳибназарон ва коршиносон бар меҳвари будани мадраса барои гиреҳгушоӣ аз мушкилоти кишвар ишора карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зинда кардани эҳсоси ҳувияти эронӣ-исломӣ ва шахсияти миллӣ дар навҷавонони бо ҳуши кишварро вазифаи асоси донистанду гуфтанд: Дар ин раванд масъалаи забони форсӣ, парчами кишвар ва эҳсоси иззат ва ифтихор ба эронӣ будан муҳим аст, ки албата ин масала бо тавсия ва сухан ҳосил намешавад, балки бояд мафохир ва савобиқи фарҳангӣ, илмӣ ва таърихиро ба донишомузон таъилми ҳақиқи дод.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гунҷонидани мафоҳими исломӣ ва муаррифии мафохири исломӣ ва эронӣ ва саромадони дониш ва иктишофоти илмӣ дар таърихи Эронро аз ҷумлаи корҳои лозим дар ба руз кардани китобҳои дарси ва мутаносиб бо тағири замона баршумориданд ва хотирнишон карданд манзури бархе афрод аз тағири замона, тағири усул аст дар ҳоле, ки усули монанди адолат, инсоф ва муҳаббат ҳеҷгоҳ тағир намекунад балки зербиноҳои ҳамчун шеваҳои нигориш ва баён тағирпазир ҳастанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба санади таҳавули бунёдини омузиш ва парвариш панҷ тавсия хитоб ба масъулони шомил аввал санади таҳаввул ба сурати пай дар пай такмил ва барузрасони шавад, дувум аз санади таҳавул ҳимояти қотеъ ва ба иҷрои он кумак шавад, севвум барои санади мутқан ва хуб аст бадил ва рақиби дуруст нашавад, чаҳорум нақшаи роҳи дақиқи иҷрои санади таҳавул аз ситод то мадорис таҳия ва дар давлат ва маҷлис аз он ҳимоят шавад ва панҷум дар нақшаи роҳ шохисаҳои қобили андозагири муъаян шавад, ки бар асоси онҳо пешрафти иҷрои санад доиман расад шавад баён карданд.
342/