2 Май 2023 - 13:15
Як коршиноси сиёсӣ : Эрон равобити худро бо кишварҳое мисли Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон тавсеъа додааст

Бархилофи солҳои қабл, ки Осиёи Марказӣ дар авлавияти чаҳорум ё панҷуми сиёсати хориҷии Эрон буд, имсол ин мавзӯъ авлавияти аввали Эрон шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Биҳиштипур,коршиноси барҷастаи масойили сиёсии ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Донишҷӯ гуфт: Равобити мо бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ислоҳ шудааст ва сафарҳои руасойаи ҷумҳӯри ин кишварҳо ба Эрон аз муваффақиятҳои давлати оқои Раисӣ аст .

Вай афзуд давлати сездаҳум дар Эрон бо Осиёи Марказӣ, ки як минтақаи стротежик аст, иртиботи хубе барқарор кардааст . Албатта ҳануз бо он зарфияте, ки бояд идома пайдо намекунад .
Ба гуфтаи Биҳиштипур нақши таҳримҳо низ дар ин байн беасар нест . Иртиботи Эрон бо Русия хеле беҳтар шудааст. Албатта ҷанг бо Украина ва таҳримҳо алайҳи Русия боиси майли ин кишвар ба Эрон шудааст .

342/