Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи ширкат дар маросими ҷашни миллии парчам ва бузургдошти давоздаҳуми фарвардин (рӯзи Ҷумҳурии исломӣ) дар ҷамъи хабарнигорон тасреҳ кард, қарор аст, зарфи 48 соати оянда бо вазири умури хориҷаи Арабистон муколамаи телефонӣ, сӯрат гирад ва замону макони дидор ниҳоӣ шавад.
Дар ҷараёни музокироти Эрону Арабистон дар шаҳри Пекин, ду кишвар 10 март, тавофуқ карданд, ки пас аз 7 сол равобити дипломатии худро аз сар бигиранд.
Бар асоси тавофуқи ду кишвар, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо якдигар, заминаҳои иҷрои табодули сафирон ва бозгушоии сафоратхонаҳо ва ҳамчунин соири илзомот барои аз саргирии равобитро фароҳам хоҳанд кард.
342/