27 Март 2023 - 12:10
Тафсир. Ҳушдори Киссинҷер дар бораи вуқуи ҷанги сарди дувум байни Амрикову Чин

Дар фазои ташдиди таниш миёни Амрико ва Чин, Ҳенри Киссинҷер, вазири умури хориҷаи собиқи Амрико дар бораи вуқуи ҷанги сарди дувумӣ ба маротиби хатарноктар аз ҷанги сарди аввал ҳушдор дод.

Киссинҷер рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи испанияии «Мундо» аз эҳтимоли оғози ҷанги сарди ҷадиде миёни Пекин ва Вашингтон сухан гуфт. Ба эътиқоди ӯ, ҳар ду кишвар бар хилофи даврони ҷанги сарди нахуст, ки миёни Амрикову Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ва муттаҳидони онҳо аз миёнаҳои даҳаи 1940 то авоили даҳаи 1990 мелодӣ даргирифт, акнун дорои манобеи иқтисодии мушобеҳе ҳастанд.

Вазири хориҷаи собиқи Амрико таъкид кард, ки ин ду қудрати бузурги иқтисодӣ акнун ба ду рақиби мутахосим табдил шудаанд ва набояд мунтазир монд, ки Чин ба самти Ғарб чархиш кунад.

Ҳушдори Киссинҷер ба унвони яке аз бузургтарин ва муҳимтарин сиёсатмадорону стратегҳои амрикоӣ дар бораи вуқуи ҷанги сарди ҷадиде байни Амрикову Чин таъйидкунандаи раванди танишу тахосуми рӯ ба афзоиш дар равобити байни Вашингтон ва Пекин аст, ки ба вижа ба далели рӯйкарду иқдомоти Иёлоти Муттаҳида алайҳи Чин ба вуҷуд омадааст. Ба бовари вай, ин низоъ метавонад ба «бузургтарин чолиши фарорӯи башарият» табдил шавад. Вазири хориҷаи пешини Амрико бо таъкид бар ин ки ду кишвар аз қудрати нобуд кардани ҷаҳон бархӯрдоранд, таъкид кард, ҳар гуна даргирии низомӣ миёни онҳо вазъияти ҷаҳонро ба самти авзоъи бадтар аз даврони пасоҷанги ҷаҳонии аввал савқ хоҳад дод.

Ванг И, вазири умури хориҷаи Чин пештар ҳушдор дода буд, ки оғози «ҷанги сарди ҷадид» миёни кишвараш ва Амрико фоҷеае барои кулли ҷаҳон хоҳад буд.

Мавозеи кунунии Киссинҷер дар ҳоле баён мешавад, ки таниш миёни Вашингтону Пекин, ба вижа бар сари ҷазираи Тайван, парвандаи ҷосусӣ аз тариқи баллон, апплекейшени «Тик Ток» дар канори нигаронии Амрико аз ҳамгароии Чину Русия, раванде физоянда ба худ гирифтааст.

Дар воқеъ Амрико муддатҳост, ки дар асноди болодастии худ Чинро ба унвони муҳимтарин таҳдид алайҳи худ ва низ ҷаҳони Ғарб шиносоӣ карда ва бар лузуми муқобила бо баландпарвозиҳои Пекин таъкид меварзад.

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико дар ҷараёни рӯнамоӣ аз стратегияи дифои миллӣ дар Пентагон дар авохири октябри 2022 хотирнишон кард, бо вуҷуди ҳамлаи Русия ба Украина, Чин ҳамчунон бузургтарин таҳдид алайҳи Иёлоти Муттаҳида аст.

Дар стратегияи ҷадиди дифои миллии Амрико омадааст, ки Чин дар талош аст то минтақаи Индопасифик ва низоми байналмилалиро мутобиқи манофеъ ва тарҷеҳоти иқтидоргароёнаи худ тағйир диҳад.

Ин тасвирсозии мубтанӣ бар чинҳаросӣ бо тавваҷуҳ ба рӯёрӯии рӯ ба рушди Иёлоти Муттаҳида ва Чин дар арсаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ қобили фаҳм аст.

Дар воқеъ, Вашингтон аз ин масъала дар ҳарос аст, ки Чин ба ҳамроҳи Русия назми байналмилалии либералро, ки ҷаҳони Ғарб шаклдиҳанда ва ҳомии бақои он аст, ба чолиш кашидаву иқтидори чандқарнии Ғарб бар низоми байналмилалиро хадшадор созад.

Аз дидгоҳи Амрико, ки ҳамвора рӯйкарди якҷонибагароиро дар арсаи ҷаҳонӣ дунбол карда ва ба дунболи манофеъ ва аҳдофи худ ба қимати зери по ниҳодани манофеи дигар кишварҳо аст, ин амр қобили қабул набудаву аз ин рӯ талош мекунад то бозигарони ҷадиди ҷаҳонӣ, яъне Чину Русияро то он ҷо ки тавон дорад маҳдуд кардаву тазъиф намояд.

Бо ин ҳол, баррасии равандҳои ҷаҳонӣ нишонгари афзоиши эҳсосшавандаи тавони қудратҳои шарқӣ ва авруосиёӣ ва уфули физояндаи Амрико аст.