9 Март 2023 - 19:43
Амир Абдуллоҳиён: Гурӯҳҳои имдодии Эрон дар зилзилаи Туркия иқдомоти ба мавқеъ ва муассир анҷом доданд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҳилоли Аҳмар ва артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар зилзилаи Туркия дар ҳавзаи кумакрасонӣ ва эҷоди дармонгоҳ ва ироаи хадамоти дармонӣ иқдомоти ба мавқеъ ва бисёр муассир анҷом доданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи боздид аз манотиқи зилзилазадаи Туркия ва урдугоҳҳои искони мувақати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар шаҳри Одёмон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Ҳилоли Аҳмар ва Артиши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҳавзаи  кумак расонӣ ва эҷоди килиник ва ироаи хадамоти дармонӣ иқдомотм ба мавқеъ ва бисёр муассирро анҷом доданд.

Амир Абдуллоҳиён гуфт: Умедворам ҳар чӣ зудтар мардуми мусалмон ва хуби Туркия аз ин бӯҳрон ва ин марҳила убур кунанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Бояд аз Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ташаккури вижа дошта бошем, ки авалин тимҳоро тавонистанд ба мавқеъ ба ин манотиқ эъзом кунанд ва теъдоди афродро зинда за зери овор наҷот  диҳанд.

342/