19 Феврал 2023 - 15:29
Башор Асад дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Кувейт тавсеаи равобит бо Тоҷикистонро муҳим донист

Рӯзномаи “Ал Ватан” навишт, Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафир Тоҷикистон дар Кувейт ва намояндаи вижаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми таслият ва ҳимояти вайро ба Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия таҳвил дод.

Ба гузориши ИСНА, Асад дар дидор бо Зубайдов гуфт, ҳимояти давлат ва миллати Тоҷикистон аз Сурия дар ин мусибат мӯҷиби хушҳолии миллати ин кишвар хоҳад шуд.

Асад афзуд, тавсеаи равобити дуҷониба бар асоси манофеи муштарак бисёр аҳаммият дорад.

Зубайдов ҳам гуфт, ҳадаф аз ин сафар таъкид бар ҳимояти Тоҷикистон аз Сурия ва омодагӣ барои ироаи ҳар гуна кумак ба миллати Сурия аст, чаро, ки дар чунин фоҷеаҳо кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон бояд пушти ҳам бошанд.

Вай афзуд, итминон дорад, ки миллати Сурия ҳамонтавр, ки бо терроризм дар кишвараш муқобила кард, ин мусибатро ҳам бо устуворӣ пушти сар мегузорад.

Зубайдов гуфт, кишвараш хоҳони тавсеаи равобити дӯстона аст ва амният ва суботи Сурия барои амният ва суботи Ховари Миёна муҳим аст.

342/