3 Феврал 2023 - 12:18
Оғози парвозҳои Душанбе - Теҳрон дар рӯзҳои ҷумъа аз фурудгоҳи байналмиллалии Имом Хумайнӣ ( раҳ )

Дар ростои ҳамкориҳои ҳамлу нақлии Эрону Тоҷикистон парвози мустақими байни Теҳрон - Душанбе аз сӯи ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр " аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) Теҳрон дар рӯзҳои ҷумъа барқарор шуд .

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА аз ширкати шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бар асоси барномаи эъломшуда аз сӯии ширкати ҳавопаймоии " Сомон эйр " парвози Теҳрон - Душанбе аз 10 феврал ба сурати ҳафтае як бор ва дар рӯзҳои ҷумъаи ҳар ҳафта аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба шаҳри фурӯдгоҳии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва баргашти он ба Тоҷикистон барқарор хоҳад шуд .

Ҳамчунин " Сомон эйр " дар назар дорад дар ҳафтаҳои оянда дархости ду парвоз дар ҳафта дар рӯзҳои сешанбе ва ҷумъаро ироа кунад .
Пештар аз ин парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии " Вориш " дар масири шаҳри фурӯдгоҳии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва баракс дар рӯзҳои якшанбе барқарор шудааст .
Пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 сентябри 1991 Ҷумҳурии исломии Эрони аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард . Бо вуҷӯди онки Тоҷикистон ҳамсояи Эрон маҳсуб намешавад, аммо ду кишвар пайвандҳои торихӣ, фарҳангӣ ва забонии фаровоне доранд .


342/