Козими Ҷалолӣ сафири Эрон дар Маскав бо ишора ба сафари раиси думаи давлати Русия ба Теҳрон ва зарурияти ройзании наздики ду кишвар дар твиттер навишт акнун, ки ғарб ҳамаи тавонашро барои истимрори назми ҷаҳонии ғарбмеҳвар ба майдон овард таъомули Эрон ва Русия меҳвари қудратҳои навзуҳурро тақвият мекунад.
Вячеслав Володин, раиси думаи Русия ва ҳайати ҳамроҳ бо истиқболи расмии Алии Некварз ноибраиси маҷлиси шурои исломи идшаб якшанбе вориди Теҳрон шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, севумин нишасти камисяи олии муштараки парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия имруз душанбе бо истиқболи расмии Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси маҷлиси шурои исломии Эрон аз раиси думаи Русия дар маҳали маҷлиси шурои исломӣ баргузор шуд ва раисони парлумонҳо дидори дуҷониба хоҳанд дошт.
Козими Ҷалолӣ бо ишора ба сафари раиси думаи Русия ба Теҳрон дар твиттер навишт: Сафари раиси дума ба Теҳрон дар миёни таҳавулоти пуршитоби байналмиалӣ замони зарурии идоми ройзаниҳои наздик байни ду кишвар аст.
342/