Ронин Бор, раиси Шобок (сервиси амнияти дохилии режими саҳюнистӣ) шароити вижае барои таррузи Итмар бин Ғуфайр Масҷидулақсо таъйин кард то ин иқдоми вай мӯҷиби вокуниши фаластиниён нашавад. Аз ҷумла, инки дар сооти аввалияи субҳ бошад, дувуми инки осебе ба шароити мавҷӯд дар Масҷидулақсо ворид накунад ва сеюм инки ин иқдом ба сӯрати ҳамоҳанг шуда анҷом шавад. Далели ин тадобири раиси Шобоку ҷилавгирии вай аз баргузории маросимҳои динӣ, тавроте аз сӯи бин Ғуфайр, дар ростои пешгирӣ аз вокуниши эҳтимолӣ ва хашми фаластиниҳо будааст. Пеш аз ин мақомоти Созмони милалу Миср бо ирсоли паёме барои Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба вай ҳушдор дода буданд, ки дар сӯрати тааррузи Итмор бин Ғуфайр ба Масҷидулақсо, наметавонанд монеъ аз паёмадҳои хатарноки он шаванд. Шабакаи ҳафти телевизиони режими саҳюнистӣ шомгоҳи душанбе эълом карда буд, ки бин Ғуфайр пас аз дидор бо Натаняҳу ва ҳушдорҳои муқовимати Фаластин аз тасмими худ мунсариф шудааст. Чанд омил муҷиб шуд, ки бин Ғуфайр бо вуҷуди ҳушдори гуруҳҳои муқовимату ройзаниҳои Миср ба таарруз дар Масҷидулақсо даст бизанад. Нахуст инки такмили раванди яҳудисозии Қудсу тахриби Масҷидулақсо аз шиорҳои интихоботӣ ва аз мабоонии усӯлии ҳизби "қудрати яҳудӣ"аст ва вай барои исботи ҷиддияти худ дар пешбурди ин умӯр ба ин таарруз даст зад. Дувуми инки на танҳо бин Ғуфайр балки кабинаи ҷадиди Натаняҳу ба ин таарруз ниёз дошт то имконе барои вокунишсанҷӣ дар дохилу хориҷ сӯрат гирад то барои иҷрои барномаҳои тавсеаталабонаи баъдӣ барномарезиҳои лозим сӯрат гирад. Сеюм инки кишварҳои арабӣ ба хусӯс тарафҳои мисли Иморот, Баҳрайн, Мағриб ва ҳатто Саудӣ, ки гом дар масири оддисозии робита бо режими саҳюнистӣ гузоштаанд, бо вуҷуди эъломи барномаҳои ифротӣ аз сӯи кабинаи ҷадиди Натаняҳу на танҳо таҷдиди назар накарданд, балки дар ирсоли паёми табрик пеш афтоданд ва ҳатто ба мизбони аввалин сафари хориҷии Натаняҳу табдил шуданд. Дар чунин шароите ҳарчанд дидори бин Ғуфайр аз саҳни Масҷидулақсо бидуни баргузории маросими мазҳабӣ ва бо суръат сӯрат гирифт ва беш аз 12 дақиқа тӯл накашид, аммо дар сӯрате, ки бо вокуниши амалии фаластиниҳо мувоҷеҳ нашавад, наметавонад осор ва паёмадҳои вахиме ба ҳамроҳ дошта бошаду кабинаи ҷадиди Натоняҳу ва аз ҷумла бин Ғуфайрро барои иҷрои барномаҳои баъдӣ ба васваса биндозад. Ҳамчинонке шайх Акрама Сабрӣ, хатиби Масҷидулақсо низ дар мусоҳибаи ахири худ тасреҳ карда ҳар рӯзи ниёти мақомоти режими ишғолгар нисбат ба Масҷидулақсо ва сайтара бар он фош мешаванду ончӣ ки ба тозагӣ аз як санади исроилӣ шомили 11 банд мунташир шудааст, хатаре бузург барои Масҷидулақсо аст ва ҳар як аз бандҳои онҳо хатарноктар аз дигари аст. Хатиби Масҷидулақсо ҳушдор дод, ки нақшаи ваҳшатноки мақомоти режими ишғолгари Исроил тасарруфи Масҷидулақсо, яъне таҳмили ҳокимияти худ бар ин масҷиди муқаддасу салби ихтиёроти идораи авқофи исломӣ барои идораи умӯри он аст.
Бо вуҷӯди инки ҳамаи гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ва ҳатто Ташкилоти худгардони Фаластин нисбат ба тааррузи бин Ғуфайр ба Масҷидулақсо ҳушдор додаанд, аммо ин вокунишҳо бо вокунишҳое, ки мардуми Фаластин ба дидори Ариэл Шарон, раиси вақти ҳизби Ликуд аз Масҷидулақсо дар соли 2000 анҷом доданд таносубе надорад чаро ки он вокунишҳо ба шаклгирии интифозаи дувум анҷомид, ки беш аз чаҳор сол ба дарозо кашиду шиддату густараи он ба ҳадде буд, ки ҳаддиақал Масҷидулақсоро ба муддати ду даҳа аз таҳдиду хатари саҳюинстҳо бима кард. Аз инрӯ, бими он вуҷӯд дорад, ки кабинаи ҷадиди Натаняҳу ва вокунишҳои дохилӣ ва хориҷиро дар бораи таиаррузи имрӯзи бин Ғуфайр ба Масҷидулақсо нокофӣ ташхис диҳанд ва бо ин арзёбӣ, ки вокунишҳо ҷиддӣ набуда ба иҷрои тарҳҳои баъдӣ иқдом кунанд. Яке аз ин тарҳҳо, ки бин Ғуфайр ва дигар саҳюнистҳо ба дунболи он ҳастанд ва токунӯн чанд бор то як қадамии иҷрои он пеш рафтаанд, гузоштани муҷассамаи ҳайкал бар рӯи Масҷидулақсо аст, ки тахриби комили онро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Акнӯн низ баъд аз солҳо, ки худ қудратро дар даст гирифтаанду порлумону кабинаро дар ихтиёр доранд беш аз ҳар замони дигар заминаро барои иҷрои аҳдофи худ мусоид мебинанд ва дар ҳоли арзёбӣ ва сабуку сангин кардани авзоъ ҳастанд