Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия афзуд, Вашингтон поро фаротар аз ҳама гузошта, бархе масъулони Пентагон таҳдид ба ворид кардани зарбае барои қатъи сари Кремл мекунанд, дар воқеъ мо дар бораи таҳдид ба ҳазфи физикии (Владимир Путин) суҳбат мекунем. Фарде, ки чунин афкорҳое дорад, бояд қадре дар бораи авоқиби эҳтимолии чунин тарҳҳое фикр кунад.
Вокуниши Маскав бо таваҷҷуҳ ба талошҳои ашкори Вашингтон барои густариши ҷанги Украина ва низ бархе ифшогариҳо дар бораи иқдомоти харобкоронаи Амрико ва шарикони он дар Русия маъно пайдо мекунад, дар воқеъ давлати Байден ҷанге таркибиро алайҳи Русия ба роҳ андохта, ки дар он аз ҳамаи авомилу муаллафаҳои қудрат ҳам аз сиёсии дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, энержӣ, амниятӣ ва низомӣ ва қудрати нарму таблиғоту ҷанги равонӣ алайҳи Маскав истифода мекунад.
Ба таваҷҷуҳ ба инки Путин, амалан ҳидояти ин кишвари паҳноварро дар ихтиёр дошта ва нақше ғайри қобили инкор дар сиёсатгузорӣ ва иқдомоти Русия, аз ҷумла дар ҷанги Украина ифо мекунад, лизо инки Вашингтон бихоҳад бо ҳазфи фирикии ӯ монеъи бузургеро аз сари роҳи сиёсатҳо ва иқдомоти Амрико на фақат дар арсаи Аврупо балки дар густараи ҷаҳонӣ дарбар дорад. Аслан аҷиб нест. Албатта иқдомоти Амрико дар қиболи Путин бо ба роҳ андохтани як ҷанги равонӣ алайҳи вай масбуқ ба собиқа аст.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ, изҳороти Байденро ношӣ аз аҷзу нотавонии вай хонд ва таъкид кард, ки ҳамла ба Путин ҳамла ба Русия аст. Ҷо Байден пас аз оғози ҷанги Украина, зимни эъломи кумаки низомии ҷадиди 800 миллиондолларӣ ба Украина барои нахустинбор Владимир Путинро ҷинояткори ҷангӣ хонд. Байден ибтидо дар посух ба ин суол, ки Путин ҷинояткори ҷангӣ аст ё хайр, гуфт, на, аммо билофосила ба ҷамъи хабарнигорони бозгашт то дар мавриди ин суол тавзеҳ диҳад. Замоне, ки хабарнигорон дубора аз ӯ пурсиданд, ки оё Путин ҷинояткори ҷангӣ аст, раисиҷумҳури Амрико посухи мусбат дода ва гуфт, ман фикр мекунам ӯ (Путин) як ҷинояткори ҷангӣ аст. Ин мавзеи раисиҷумҳури Амрико дар воқеъ нишонгари умқи ихтилофот ва хусумати Вашингтон дар баробари Маскав ва дар айни ҳол ибрози дидгоҳи воқеии сарони Амрико дар бораи раҳбарии Русия аст.
Баназар мерасад, ки ҳадафи ниҳоии Вашингтон ин аст, ки асосан бо террори шахсияту муттаҳам сохтани Путин, вайро дар ҳадди диктаторҳое монанди Умар Ал Башир, раисиҷумҳури собиқи Судон, ки таҳти пайгиради Девони байналмилалии кайфарӣ аст, таназзул дода ва сипас бо иддаои иртикоби ҷиноёти ҷангӣ дар Украина, раисиҷумҳури Русияро масъули ин иқдомот муаррифӣ карда ва хоҳони пайгиради қазоии вай тавассути ин девон шаванд. Бо ин ҳол масъалаи террори Путин аз ҷониби Амрико амре бесобиқа талаққӣ мешавад. Албатта пеш аз ин Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико дар даврони раёсатҷуҳурии Доналд Трамп, бо ҳушдор ба Путин дар бораи истифодаи эҳтимолӣ аз силоҳи атомӣ дар Украина, муддаӣ шуд, ки террори Путин ба дасти Вашингтон муҳтамил аст.