Низомиёни саҳюнист ва шаҳракнишинон барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранду фаластиниёнро шаҳид, захмӣ ва ё боздошт мекунанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Фаластин Алявм", бомдоди панҷшанбе дар пайи юриши низомиёни саҳюнист ба урдӯгоҳи Ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун се ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.
Вазорати беҳдошти Фаластин низ шаҳодати ин се ҷавонро таъйид кардааст.
Асри чаҳоршанбе низ як ҷавони фаластинӣ дар шаҳри Ромуллоҳ ба зарби гулӯлаи низомиёни режими ишғолгар ба шаҳодат расид.
342/