Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёми ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия кушта шудани коргарони яке аз маъданҳо дар Туркия бар асари инфиҷорро таслит гуфт.
Дар паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон омада аст: Бо андуҳи амиқ хабари ғамангези талафоти фаровони ҷонӣ ва осебдиданони бар асари инфиҷори шадид дар маъдани зуғолсанг дар вилояти Бортини Ҷумҳурии Туркияро дарёфт кардам.
Ба ҳамаи бастагон ва дустони қурбониёни ин фоҷеъа самимона таслият мегуям ва барояшон сабру шакибоӣ ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу мекунам.
342/