Ба гузориши Садои Хуросон, Роза Исаковна Отунбаева раиси ҷадиди дафтари ҳайати муовинати Созмони Миллали Муттаҳид ва Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати Толибон дар дидор бо якдигар дар Кобул бар сари масоъили мухталиф аз ҷумла эътимодсозӣ, низоми бонкӣ ва омӯзишӣ барои ҳама аз ҷумла духтарон низ гуфтугӯ карданд.
Антонио Гутерреш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ахиран Роза Исаковна Отунбаева дипламат ва сиёсатмадори пешини Қирғизистон ва раиси ҳайати намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар ин кишвар (UNAMA) муаррифи кард.
Дар заминаи ормӯзиши духтарон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи давлати Толибон дар ҷадидтарин изҳороташ дар рӯзи чӯмъа зимни таъкид бар ин, ки омӯзиши духтарон дар Афғонистон ҳатми аст гуфт: Бо рафъи як силсила мулоҳизот, мавзӯъи бозгушоии мактабҳои духтаронаи болтар аз пояи шашум ба зуди ҳал мешавад.
Пеш аз ин мақомоти Афғонистон ба ҷомеаъи ҷаҳонӣ тааҳуд дода буд бо оғозиссоли таҳсилии ҷадид дар Афғонистон (аввали фарвардин-21 март) мактабҳои духтарона бозгушои хоҳад шуд. Хилофи ваъдаи Толибон дар ин хусус бо эътирози дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ шудааст. Мактабҳои духтарона ба вижа дабиристонҳо дар як соли гузашта таътил буда ва Толибон омӯзиши духтаронро ба як мамнуъият дар Афғонистон табдил кардааст.
342/