4 Октябр 2022 - 21:56
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар дидор бо вазири фарҳанг ва иршоди Эрон: Фарҳанги баландовозаи Эрон дар ҷаҳон машҳур аст

Маросими имзои тафоҳумномаи фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон имрӯз бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоили, фазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ва Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Толори Ваҳдат баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазирони фарҳанги ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон дар маҳали нишаст ва имзои тафоҳумнома дар Толори Ваҳдат ҳузур ёфтанд ва ҳар кадом тавзиҳоти мухтасар дар мавриди кулиёти ин тафоҳумнома ироа карданд, албата дар суханони ду вазир ҳеҷ ишораи ба муҳтавои тафоҳумнома нашуд.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт: Иншоаллоҳ моҳи оянда руйдоди ҳафтаи фарҳангии Эронро дар Тоҷикистон бо матлубтарин ва мутанавеътарин кайфият баргузор хоҳем кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон монанди як руҳ дар ду ҷисм ҳастанд ман ончунон қаробати дар ҳамин дидор бо масъулини фарҳангии Тоҷикистон эҳсос кардам, ки воқеъан ҳеҷгуна ҳиси аз ғариби дар он набуд ва интавр бо ҳамватанонамон суҳбат мекунем. Мо пешинаи муштараки дорем ба баландии таърих ва аз бисёри ҷиҳатҳо дорои иштирокоте ҳастем ва ҳамин боис мешавад эҳсоси ҳамдили вуҷуд дошта бошад.

Исмоилӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт: Ҳеҷ монеъи барои густариши фаъолиятҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар вуҷуд надорад, Эрон ва Тоҷикистон таърих, фарҳанг ва маданияти муштарак доранд.

Вазири фарҳанги Эрон дар ибтидо зимни хайрамақдам ба фазири фарҳанги Тоҷикистон, сафир ва ҳамроҳон гуфт дар идома сиёсати ҳамгароӣ миллӣ ва минтақаӣ давлати сездаҳум имрӯз мизбони вазири муҳтарами фарҳанги Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳашон ҳастем. Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари бузурги ҳамроҳ бо таърих, фарҳанг ва маданяти муштарак ҳастанд, эрониён ва тоҷикон ҳамдигарро мисли як миллати воҳид ба шумор меоваранд чаро, ки дорои таърихи муштарак ҳастанд ва нисбат ба ҳам отифа доранд муҳимтар аз ҳама ин мавориди иштироки забони аст, забони форсӣ ва ба хусус адабиёти муштарак ду миллатро ба ҳам пайванд зада аст.

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон баъд аз суханони Исмоилӣ гуфт: Хушҳолам, ки ҳоло омадаам ва ду рӯз аст, ки дар Теҳрони бузург ва зебо ҳастам ба намояндаги аз мардуми шарифи Тоҷикистон ва фарҳангиёни ин кишвар хидмати якояки шумо бародарон ва хоҳарони азизам дар Эрон дуруд мефиристам, фарҳанг ва маданяти баландовозаи Эрон дар ҷаҳон машҳур аст аз раисони ҷумҳурии муҳтарами ду кившари Эрон ва Тоҷикистон ташакур мекунам, ки тавонистанд бо дирояти худ равобити ду кишварро ба сатҳи оли бирасонанд.

Зулфия Давлатзода афзуд: Қарордодҳои ҳамкории фарҳангиро дар назар дорем, ки дар марҳалаи иҷроӣ қарор гирифтанд, ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон низ дар Эрон дар ҳоли баргузори аст ва ҳунармандони тоҷикистонӣ дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез ҳузур доранд.

Аз самими қалб хушҳолам, ки инҷо ҳастам канори шумо ва эрониёни азизе, ки қаробати деринае бо шумо дорем ва инҷо эҳсоси хеле хуби дорам ва умедворам равобити Тоҷикистон ва Эрон беш аз пеш беҳтар шавад ҳаминҷо аз шумо даъват мекунам, ки ба Тоҷикистони зебои мо ташриф биёред ва мо бо ифтихор мизбони шумо хоҳем буд.

Пас аз суханронии вазири фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ду мақоми олирутбаи фарҳангӣ дар бахши баъдии ин руйдод туҳфаҳои ҳунарии хофири кишварҳои худро ба якдигар тақдим карданд. Лозим ба зикр аст, ки Зулфия Давлатзода, вазири фарҳаги Тоҷикистон дар рӯзҳои оянда низ бо ҳайати ҳамроҳ ва гуруҳҳои ҳунарии дар Теҳрон ва чанд шаҳри дигар ҳузур хоҳанд ёфт.