26 Сентябр 2022 - 18:11
Ирсоли танк ба Украина хатарнок аст

Садри аъзами Олмон эълом кард, Олмон моил ба ирсоли танк ба Украина нест, зеро иқдоме хатарнок аст.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон бо ишора ба ин ки ҳар гуна ҷанг байни НАТО ва Русия фоҷеабор хоҳад буд, афзуд: Берлин аз Киев ҳимоят мекунад, аммо ба шакле ки муҷиби ҷанг байни Русия ва НАТО нашавад.

Шолтс хотирнишон кард, ирсоли танк ба Украина метавонад ба афзоиши танишҳо бианҷомад.

Ба тозагӣ давлати Украина бар фишорҳо ва исрорҳои худ барои дарёфти танкҳои олмонии модели "Леопард - 2" афзудааст.

342/