20 Сентябр 2022 - 16:24
Дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон санади навбатӣ дар бораи оташбас ба имзо расонданд

Дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти Раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.
Дар анҷоми ин музокирот Тоҷикистону Қирғизистон санади наверо ба имзо расонданд.
Ёдовар мешавем, ки даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард.

342/