Ба гузориши “Ховар”, Алексей Юсуфов бо ишора ба изҳороти мақомоти Толибон, ки яке аз фармондеҳони низомии Тоҷикистонро ба “дахолат дар умури дохилии онҳо” таҳдид мекунад ва сипас сухангӯи Толибон ба кишварҳои минтақа ва дар айни ҳол Русия итминон медиҳад, ки “ҳеҷ хатаре барои ҳамсоягони худ надоранд", гуфт: Ин изҳорот нишон медиҳад ки байни раҳбарони Толибон ихтилофи назар вуҷуд дорад.
Алексей Юсуфов идома дод, оне ки дар муддати 20 соли рӯёрӯӣ бо НАТО ба ҳалли ҳамаи мушкилот бо зӯр одат кардааст, таҳдид ба ҷангу изҳороти тунд мекунад.
Ба гуфтаи Алексей Юсуфов Тоҷикистону Русия нигарони фаъол шудани терруристҳо дар Афғонистон ҳастанд.
Вай изҳор дошт, аммо дигар кишварҳои минтақа ҳукумати ҷадиди Кобулро мутаҷовиз намедонанд ва тарафдори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо он ҳастанд.
Юсуфов гуфт, фақат Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҳол эълом мекунад, ки то замоне ки як давлати фарогир ба намояндагӣ аз манофеи ҳамаи мардуму миллатҳои сокин дар Афғонистон эҷод нашавад, ба расмият шинохтани давлати ҷадид паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.
Алексей Юсуфов афзуд, шояд сарони кишварҳои минтақа низ бояд ба ҳушдорҳои ҳамтои тоҷики худ гӯш диҳанд то баъдан пушаймон нашаванд.
342/