ABNA24 : Ба гузориши сомонаи “Спутник”, бар асари ин ҳодиса 48 мағоза ба таври комил дар оташ сӯхт ва ба 14 мағозаи дигар низ хисорат ворид шуд.
Мақомоти полис мегӯянд, иллати вуқуи ҳариқ дар бозори шаҳри Хоруғ иттисолии сими барқ будааст, ки ба дигар мағозаҳо сироят кардааст.
Барои маҳори оташсӯзӣ аз 10 мошини оташнишонӣ ва 500 неруи имдодӣ истифода шуд.
Мақомоти вилояти Бадахшон дар ҳоли таҳқиқи ин ҳодиса ва бароварди ниҳоии хисорати ворида ҳастанд.
342/