ABNA24 : Потрушев, ки рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе ва дар чаҳорумин давраи нишасти машваратии Афғонистон сухан мегуфт, тасреҳ кард: Мо мутақоъид шудаем, ки пас аз тамоми корҳое, ки ғарбиҳо дар хоки Афғонистон анҷом додан, онҳо ба содагӣ ҳақ надоранд ба бозиҳои жеополетикии худ дар онҷо идома диҳанд.
Потрушев таъкид кард: Мубориза бо терроризм дар хоки Афғонистон бидуни аз байн бурдани манобеъи он ғайри мумкин аст. Ин кишварҳои минтақа ҳастанд, ки бояд нақши раҳбариро дар ҳамоҳангии умур барои бозсозии Афғонистон пас аз ҷанг ифо кунанд.
Таъкиди Русия бар лузуми таъхмини ҳазинаҳои бозсозии Афғонистон аз тарафи Амрико ва шуракои он дар НАТО бо таваҷҷӯҳ ба ишғоли бист солаи ин кишвар ва вайронаҳо ва кушторҳои ҳосил аз он сурат гирифтааст. Вашингтон муддаи аст, ки дар ин муддат дар ростои бозсозии Афғонистон миллиардҳо доллар ҳазина кардааст.
Бо ин ҳол ба изъон ниҳодҳои назоратии давлати Амрико СИГОР бахши қобили таваҷҷӯҳи аз ин будҷа ба ҳадар рафтааст.
Ҷон Сопко бозрасӣ кулли вижа дар гузорише, ки дар марти 2021 мунташир шуд гуфт, " Ин воқеъият, ки бисёре аз дороиҳои сармояи истифодҳа нашуда, хароб ва ё ба ҳоли худ раҳо шудаанд, бояд омили аслии нигаронии ожонсҳои таъмини моллии ин пружаҳо бошанд."
Сопко дар гузоришоти соли қабли худ бар ихтилос ва ҳайф ва майли миллионҳо доллари ниҳодҳои давлатии Амрико монанди Вазорати дифоъи Амрико ( Пинтогун), Вазорати хориҷаи Амрико ва ҳамчунин НАТО дар Афғонистон ба вижа дар пружаҳо ва истилоҳи низомии Амрико барои низомиёни афғон таъкид карда буд. Дар воқеъ манобеъи моллие, ки амрикоиҳо муддаъии харҷ кардани он дар Афғонистон ҳастанд таъсири чандоне дар беҳбӯди зиндагии мардуми Афғгонистон, ки аз ҷанг ва харобиҳои густарда дучори ранҷ ҳастанд надоштааст. Тадовуми ҳузури Амрико ва муттаҳидини он дар Афғонистон ҷузъ афзоиши хушунатҳо ва низ ғорати будҷаи ихтисос ёфта барои бозсозии Афғонистон самараи дигаре ба ҳамроҳ надошт.
Амрико дар давраи раёсат ҷумҳурии Ҷорҷ Буш пас аз ҳамалоти 11-уми сетябри 2001 ба баҳонаи ба истилоҳи муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм ва сарнагун кардани ҳукумати Толибон, ки онро муттаҳам ба ҳамдасти бо Алқоида карда буд ба Афғонистон ҳамла ва онро ишғол кард. Дар авҷи ин ишғол дар соли 2011 ҳатто шумори нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дари ин кишвар ба беш аз 140 ҳазор нафар расид. бо ин ҳол ҳузӯр нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар ин кишвари ҷангзада зарфи 20 соли гузашта ҳосиле ҷузъ афзоиши ноамнӣ, фақр, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир ва густароиши тарроризм надоштааст.
Бо қудрат гирифтани дубораи Толибон ва тавофуқи сулҳ, ки давлати Тромп бо он дар Дуҳа мунтақид кард, Ҷо Бойден раиси ҷумҳӯри Амрико ба ночор ва бидуни ҳеҷ дастоварде ба ин ишғолгари, ки бо нокомӣ ба маротиб бадтар аз ҷанги Ветнам ҳамроҳ буд, поён дод. Вай фармони хурӯҷи нерӯҳои Амрикоиро то августи 2021 содир кард, ки албатта ин хурӯҷ бештар шабеҳи фарори муфтазаҳона аз Афғонистон буд.
Акнун бо тасаллути Толибон бар Афғонистон ки ҳеҷ кишваре онро ба расмият нашинохтааст вазъияти мардуми Афғонистон дучори вахомати фароядае шудааст. Созмони Миллали Муттаҳид ва ниҳодҳои муртабит ба он борҳо дар бораи вазъияти фоҷеабори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонии Афғонистон ҳушдор додаанд.
Дар айни ҳол гурӯҳи террористии ДОИШ низ, ки аз чанд соли қабл фаъолияти худро дар ин кишвар оғоз карда бо таваҷҷуҳ ба хилои амниятӣ ва нокоромадии Толибон дар таъмини амниятӣ доманаи ҳамалоти худро ба вижа алайҳи шиаёни Афғонистон густариш додааст.
-
ДИИШ масъӯлияти ҳамла ба масҷиди шиъаёни Афғонистонро бар уҳда гирифт
Акнун болотарин мақоми амниятии Русия бар ин масъала таъкид карда, ки беҳбудии вазъияти Афғонистон ва ба вижа бозсозии он бидуни ҳамкории кишварҳои минтақа ва албатта таъмини манобеӣ молли он аз ҷониби Амрико ва шуракояш имкон пазири нест. Бо ин ҳол ихтисос додани бахше қобили таваҷҷуҳе аз пулҳои булук шудаи Афғонистон тавассути давлати Вашингтон натанҳо масъулияте дар қиболи бозсозии Афғонистон намепазирад балки пулҳои миллати Афғонистонро низ ба чӯби ҳароҷ гузоштааст.
342/